ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Барқи тоҷик” хониши сиёсӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаииҷроияи ноҳиявии ҳизб Абдуллев Ваҳобиддин иштирок дошт.
Зимнан мавсуф дар назди ҷамъомадагон дар бораи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, масъулияти ҷиддӣ зоҳир намуданиволидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятии ВНМО, муқовимат бо коррупсия, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ба фаъолияти оғоз намудани агрегати якуми НБО-и Роғун, ки бо иштироки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, андешанронӣ карда, аз ҷамъомадагон барои расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи сарфҷӯёнаи нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он даъват ба амал овард.
Дигар баромадкунандагон низ доир ба масъалаҳои дарболозикргардида андешаҳои хешро баён карданд.