БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Бо Пешвои миллат ба сӯи фардои босаодат равонем!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии агрегати якуми НБО «Роғун» чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмасаид иштирок дошта ҳамагонро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кушодашавии агрегати якуми НБО «Роғун» ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба 10 нафар фаъолони ҲХДТ ифтихорномаҳо ҳизбиро дар вазъияти тантанавӣ тақдим кард. Ҳамчунин, масъулин қайд намуданд, ки мо даст ба дасти ҳам дода бо иродаи матини Пешвои миллат алорағми ҳама мушкилот ба сӯи ояндаи босаодат равонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg