БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ омили таъмини солимии маънавиёт аст

А.ҶОМӢ. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи АбдураҳмониҶомӣ, оид ба мустаҳкам намудани робитаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо маҳал ва иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб оид ба баргузории соатҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроия, дар ташкилоти ибтидоии «Касбомӯз»-и назди Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсиро вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор намуданд.

Сараввал дар рафти вохӯрӣ масъулин ба ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуда, дар бораи суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ зикр гардидааст «…тарбияи ҷавонони кишвар дар руҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихор аз ватандорӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, меҳнатдӯстию масъулиятшиносӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунарҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии онҳо, истифодаи пурсамари иқтидори зеҳнӣ ва маънавии онҳо саривақтӣ буда, масъалаҳои муҳимтарини кишвар ҳисобида мешаванд…» маълумоти муфассал доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg