БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ташабускори эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот мебошад

ҶАЙҲУН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи «Қумсангир»-и ҷамоати деҳоти «Қумсангир»-и ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҳамчунин ҷиҳати расонидани моҳият ва ҳадафи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба аҳолии деҳаи болозикр бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроиям ҲХДТ Сабурзода Насим баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро муовини раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим оғоз намуда, сипас вобаста ба амалӣ гардидани самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз он ҷумла, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сарриштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, пешгирии бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади таъмини солимии маънавиёти ҷомеа, чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат бо коррупсия, тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа муфасал баромад намуда, қайд карданд, ки пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат оид ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, ба касбу ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ умри дубора бахшид имкониятҳои шоистаи сайёҳии мамлакатамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифи намуд. Бо ин роҳ ташкили ҷойҳои нави корӣ ба миён омада, сатҳи некуаҳволии  мардум беҳтар гардида истодааст. 

Ҳамчунин Сабурзода Насим иброз намуданд, ки моҳи марти соли 2018 ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани иртибот бо мардум ва ҷалби оммаи васеи сокинон дар амалӣ намудани ҳадафу мақсад ва кору пайкори созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  соли 2018 аз тарафи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои ташкилотҳои ҳизбӣ Соли  тақвияти робита бо маҳал эълон карда шудааст. Баҳри амали намудани  ин иқдом дар маҳаллаву деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷайҳун бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо сокинон ва фаъолон ҷиҳати баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯриву мулоқотҳои судманд доир  карда шуда истодаанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg