БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг ҳастии миллат ва бақои давлат аст!

ТЕМУРМАЛИК. Ҷиҳати  дар  амал татбиқ намудани ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оиди ҳарчи бештар тақвият бахшидани робитаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо маҳал дар асоси ҷадвали вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия , дар деҳаи Хуррамзамин Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинони деҳа баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ  доир ба самтҳои  афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, вобаста ба истифодадиҳии чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  бо иштирок ва  ҳамкории бевоситаи вакилони ҷамоати номбурда  ва  фаъолони деҳа гузаронида шуд.  

Доир ба суханронии раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид,  вакили ҷамоат  Алимардонов Абдураҳмон   вобаста ба ин вохӯрӣ  андешаронӣ кард . Сипас, бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 60  нафар ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзон ташкил  карда  шуд.

Зимни  намоиш   сокинони деҳаи Хуррамзамин  дастовардҳои ҳунарии худ ва маҳсулоти кишоварзиро ба маърази тамошо гузоштанд.

Ин мулоқот ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бори дигар бартарияти робитаи ҳизбро бо деҳот ва фаъолнокии мардуми деҳотро дар баргузории чорабиниҳо собит сохт. 

Дар охири мулоқот раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид ва раиси ҷамоати номбурда Асоев Ҳабибулло ба ташкилкунандагони  намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Сипас,  дар деҳаи Хуррамзамини ҷамоати  деҳоти ба номи Лақай Қармишев бо пешниҳоди  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  ташкилоти нави ибтидоӣ таъсис дода шуда, раиси он Лолахонов  Даврон  интихоб карда  шуд.                                             

                                                                                     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg