БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат бо иродаи қавӣ НБО “Роғун”-ро ба кор даровард!

ПаНҶ.  Миллати тоҷик давлати абарқудрат, демократӣ, дунявӣ, созанда ва ҳуқуқбунёд дорад. Ин давлати бузургро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбрӣ мекунанд. 16-уми ноябр рӯзи босаодаттарини соли 2018 мебошад,  рӯзи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда хоҳад шуд. Чунки имрӯз бо шарофати иқдомҳои беназир ва хирадмандонаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархаи якуми НБО-и Роғун ба кор дароварда шуд. Мардуми Тоҷикистон ин рӯзро чандин солҳо интизор буданд.

Вобаста ба ин мавзӯъ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар литсейи касбӣ-техникии №51 Аксияи ҳизбӣ «Фурӯғи нури раҳмонӣ» доир карда шуд. Сараввал ҷавонони ин даргоҳ бо замзамаи сурудҳои ватандӯстона ва баромадҳои ҷолиб намояндагони Кумитаи иҷроияро  истиқбол намуданд. Зимни  баромадҳо масъулин ҳамагонро бо ҷашнҳои бузурги давлатӣ Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ ва ба кор даровардани чархаи якуми НБО-и Роғун табрик намуда, оид ба аҳамияту моҳияти ин ҷаншҳои муҳими давлатӣ андешаронӣ намуданд. Ба ҳамаи иштирокдорон варақаҳои таблиғотии «Фуруғи нури раҳмонӣ» тақдим карда шуд.

                                                          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg