БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баргузории роҳпаймоии ҳизбӣ дар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Н.ХУСРАВ. Бахшида ба таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба кор даровардани чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Рорғун, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки васеи аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар маркази ноҳия шаҳраки Баҳор, роҳпаймоии ҳизбӣ бо иштироки ҷавонон таҳти унвонии ”Фуруғи нури Раҳмонӣ” баргузор намуд.

Ҷавонону наврасон дар даст навиштаҷоту овезаҳо, бахшида ба ин лаҳзаи барои миллат фараҳбахш дар маркази ноҳия роҳпаймоӣ намуданд.

Аксия- –роҳпаймоиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як нерӯву тавоноии ҷавонмардона дар давраи хело ҳасосу барои миллат тақдирсоз роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, ҷанги шаҳрвандиро хомӯш ва сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистон пойдор гардонид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва таҷдиди Нерӯгоҳи барқии обии Роғун саҳми бениҳоят калон ва калидӣ доранд. Имрӯз барои мардуми Тоҷикисто нрӯзи хотирмон мебошад, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархи якуми ин иншооти муҳими аср ба истифода дода мешавад.

Роҳпаймоӣ дар руҳияи баланди сиёсиву фарҳангӣ гузаронида шуд.

   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg