БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

ЛЕВАКАНТ. Бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Суҳроб Валиев дар ҶДММ «Кафолати Сарбанд» хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Валиев Суҳроб дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосусгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз суханронӣ намуда, моҳияти дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти кишварро ба иштирокдорон фаҳмонид.

Ҳамзамон қайд намуд, ки дар таърихи энергияи тоҷик боз як санаи фаромӯшнашаванда 16 ноябри соли 2018 оғози кори агрегати якуми НБО-и «Роғун» бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Ин як қадами устуворест дар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар.

Сохтмони иншооти бузург воқеан қаҳрамонӣ буда, кишвари моро аз буҳрони энергетикӣ раҳо месозаду бо манбаи азими нур Тоҷикистони азиз ба зинаи баланди тараққиёт по мениҳад. Бо бунёд гардидани Нерӯгоҳи барқи обии Роғун иқтисодиёти кишвар даҳчанд боло рафта, некӯаҳволии мардум фароҳам меояд ва Тоҷикистони азиз ба ахтари ҳамешатобон мубаддал хоҳад гашт.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хеле ба маврид зикр карданд, ки “Бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун истиқлолияти пурраи энергетикии кишварро таъмин менамояд». Бегуфтугӯ, ободиву зебоии ҳар як давлат ба истиқлолияти энергетикӣ сахт вобаста аст. Зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон, тараққӣ карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо бунёди нерӯгоҳҳои барқи обиро калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши нерӯи содиротии кишвар мешуморем».

Дар охир иштирокчиёни ҷамъомад миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуда, шукургузорӣ аз Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваҳдати миллӣ, тинҷиву оромӣ ва пешравию шукуфоии Ҷумҳурии азизамонро баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg