БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз сиёсати бобарори Пешвои миллат шукргузоранд

КУШОНИЁН. Дар деҳаи Кирови  ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО- и Роғун бо сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеа чорабинии сиёсӣ- фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар баргузории чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сатторова Мунаввара, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҳизб ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Сокинон чорабиниро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили намудҳои гуногуни кашидадӯзиҳо, попурӣ, қуроқдӯзӣ, сабзавоту меваҷот,  намудҳои гуногуни нону таомҳои миллӣ ба маърази тамошо гузоштанд,ки масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карданд.    

Дар идома, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара оид  ба таърих ва моҳияти Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО-и Роғун,Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешарониҳо  намуда, аз ҷамъомадагон барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллатоид ба рушди корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, вусъат бахшидан  ба кишту кори тирамоҳӣ  ва бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намудани Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даъват намуд. 

Дар фарҷоми  чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баҳри болидагии хотири ҳозирин барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg