БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲЁИ РОҒУН – ОҒОЗИ МАРҲИЛАИ НАВИ ВАТАНСОЗИСТ!

АНДЕША. «Имрӯз Тоҷикистон ба хотири сохтмони нерӯгоҳи Роғун монанди ҷавони қавипайкар ва диловар, ба мисли Фарҳоди кӯҳкан синаи кӯҳи хороро мешикофад, пеши дарёи шӯху саркаши Вахшро мебандад, кишвари худ ва минтақаро чароғистон мегардонад». Эмомалӣ РАҲМОН

Дар саҳифаи таърихи башарият ва халқу миллатҳо руйдодҳое ба вуқуъ омадаанд, ки чун тимсоли шукуҳмандиву ватандорӣ, як давраи пурифтихори эҳёгарӣ ва замони шукуфоию сарсабзиҳоро дар худ таҷассум кардаанд. Ҳаракатдиҳандаи ин ниятҳои тақдирсоз ҳамеша шахсиятҳои шинохтаи таърихие будаанд, ки бо иродаи ғайриоддии худ ҷомеаро ба ҷаҳони пурнур, зиндагии босаодат ва ормонҳои ҳазорсолаи мардум ҳамҷур сохтаанд.

Таҷдид ва эҳёи сохтмони НБО «Роғун» аз ҷумлаи иқдомҳои сарнавиштсозе буд, ки Пешвои миллат бо камоли ҷасорату хирадмандӣ ва бо такя ба иродаи мардуми Тоҷикистон ба он ҳусни оғоз бахшид. Ҳамчунон, ки Пешвои миллат худ фармудаанд: «Имрӯз таърих бар души мову Шумо –мардуми шарафманду сарбаланд ва озодаву худшиноси тоҷик боз як рисолати бузург-бунёди кохи нурро гузоштааст. Ин барои насли мо ҳам масъулияти азим ва ҳам ифтихору шарафи бузургест».

Тадриҷан амалӣ гаштани самтҳои стратегии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боис ба он шуда истодааст, ки рушди ҳамаҷиҳатаи мамлакат таъмин ва сатҳи некуаҳволии аҳолӣ беҳтар гардад. Таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати давлатии Тоҷикистон буда, дар доираи он бунёду барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ободии Ватан ҷабҳаи заҳмати созанда эълон гардид.

Зеро нерӯгоҳи Роғун натанҳо метавонад эҳтиёҷоти рӯзафзуни Тоҷикистонро бо нерӯи барқ дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин намояд, балки тавону қудрат дорад, ки Тоҷикистонро ба кишвари бузурги содиркунандаи нерӯи барқ табдил дода, ба тараққиёти беназир ва босуръати тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ мусоидат намояд. Мусаллам аст, ки бунёду истифодадиҳии нерӯгоҳи Роғун нафақат барои Тоҷикистон, ҳамзамон барои тамоми минтақа манфиати зиёд дорад. Баъди ба кор шуруъ намудани НБО «Роғун» кишвари мо бо таври фаровон нерӯи арзони аз лиҳози экологӣ безарар истеҳсол намуда, ҳамзамон имконият пайдо мекунад, ки кишварҳои поёнобро ҳатто дар солҳои хушку камбориш бо оби нушокию кишоварзӣ таъмин намояд.

 Исботи ҳамаи ин ниятҳои неку манфиатбахшро ҳар як сокини мамлакат аз сафарҳои расмии рафту бозгашти сарварони давлатҳои дӯсту бародари Тоҷикистону Узбекистон эҳсос кард. Зиёда аз ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зимни Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ изҳор доштанд, ки: «Мо ягон лоиҳаеро, ки ба зиёни ҳамсоягонамон бошад, амалӣ нахоҳем кард!»

Ҳамзамон, изҳоротҳои дигари Пешвои миллат аз қабили «Мо ҳаргиз намегузорем, ки ҳамсояҳо бе об монад», «Ҳаққи ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст» мисли шиор вирди забонҳо гардидаанд.

 Зимнан, НБО «Роғун» бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бе Роғун рушду тарақиёти босуръат ва ояндаи пурсаодати давлати Тоҷикистонро тасаввур кардан мумкин нест. Ба истифода додани НБО «Роғун»  имкон медиҳад, ки боз садҳо ҳазор гектар замин дар киштзорҳои беканори Тоҷикистон ва Узбекистону Туркманистон обёрӣ карда шаванд.

 Мувофиқи маълумотҳо баъд аз бо истифодаи пурааш ба кор даромадан НБО «Роғун» метавонад ҳамасола наздики 14 миллиард киловатт нерӯи барқ истеҳсол намуда, даромади софи он дар муддати кутоҳ хароҷоти сохтмонашро пушонад. Аз нахустин рӯзҳои бунёду барқарорсозии он ҷараёни корҳо дар мавзеи сохтмонӣ таҳти назорати доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Президенти мамлакат барои шиносоии бевосита бо рафти кор ва назорати сифати он мунтазам ба ин мавзеъ ташриф меоваранд. Бинобар ин бо итминон метавон гуфт, ки илҳомбахш ва бунёдгузори нерӯгоҳи Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои беҳамтои истеҳсоли барқи обӣ буда, дар миқёси олам ташаббускори асосӣ ба шумор меравад. Маҳз ба ҳамин хотир таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбати ин масъала бештар гардидааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки солҳои охир шумораи нерӯгоҳҳои барқи обӣ афзун ва нерӯгоҳҳои барқи обии амалкунанда таҷдид шуда истодаанд.

Зимнан, Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «Иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори 6 мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад. Зеро 98 фоизи барқи Тоҷикистон тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.

Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳамасола аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳои калон ҷудо мегардад, ки миёни онҳо нерӯгоҳи барқи обии Роғун мавқеи махсус дорад. Масалан барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун соли равон 5 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст.

Бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои ҳукумати мамлакат дар ин самт нахустин маротиба дар замони соҳибихтиёрӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба нерӯи барқ бе маҳдудият таъмин карда шуд.

Инак, санаи 16-уми ноябри соли 2018 чархаи якуми НБО “Роғун” аз тарафи Пешвои миллат бо иштироки садҳо меҳмонони хориҷӣ ба кор дароварда шуд. Мо аъзоё ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ин иқдомро дастовард ва натиҷаи фидокориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дониста, хушнудии беҳамто дорем. Зеро оғози кори чархаи якуми НБО “Роғун” ибтидои ормонҳои нави мардуми Тоҷикистон мебошад.

Маҳмадсаид РАҶАБЗОДА-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg