БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ

КӮЛОБ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар маҳаллаи Ҷаббор Расулов доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Хушвахтова Бибинур ишитрок ва суханронӣ намуданд.

Валиева Саъбагул изҳор кард, ки вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди маҳаллаю деҳаҳои шаҳр намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва баргузор шуда истодааст. Роҳандозии чунин чорабиниҳо бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ такони ҷиддие хоҳад бахшид.

Дар навбати худ Хушвахтова Бибинур оид ба майл доштан ва тақлид намудани духтарону занон ба либосҳои барои миллати бегона ҳарф зада, таъкид дошт, ки бояд занону духтарони мо аз либоси миллии худ ифтихор намоянд ва ҳамеша тарғибгарӣ он бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg