БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанги миллӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушд намуд

ЁВОН. Дар асоси ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар деҳаи Шурчаи ҷамоати деҳоти Чоргул  дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ карда шуд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби и.в. муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Солиҳов Маҳмадрасул  ва корманди Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО/СПИД-и ноҳия Э. Саидов андешаронӣ намуда, дар қисми сиёсии чорабинӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро,  аз даст надодани зиракиву сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба хизмати Ватан- Модар сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ, пеш аз хонадоршавии навҷавонон аз муоинаи тиббӣ гузаронидани онҳо, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ карданд.

Инчунин, масъулин  оид ба масъалаи муҳими рӯз «Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи кӯҳан ба ахтари ҳамеша тобон хоҳад дод» ибрози ақида намуда, иброз доштанд, ки  яке аз ҳадафҳои асосии стратегии давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон- ин расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ маҳсуб меёбад. Он рӯз расид, ки дар партави нури Роғун Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тоза гирад. Санаи ба кор даровардани аввалин чарха ё худ агрегати Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бешак дар сафҳаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, мардуми кишварро бо дастовардҳои нав ба нави таърихӣ рӯ ба рӯ хоҳад сохт.

Дар чорабинӣ занону бонувони  ҳунарманди деҳаи Шурча ҳунарҳои хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg