БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НБО – Роғун ормони миллат

ВОСЕЪ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар кӯчаи Садриддин Айнии ҷамоати шаҳраки Ҳулбук суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ Сафарова Ҳафиза раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ иштирок дошта, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба истифода додани чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро суханронӣ намуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Гулрухсор Мирзоева иштирок ва суханронӣ намуда, қайд кард, ки ба кор даромадани аввалин агрегати НОБ-и «Роғун», ки дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бесабаб нест, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон поягузори бевоситаи ин сохтмони бузурги аср ё Кохи нур буда, дар амалӣ намудани ин тарҳи бузурги миллӣ ҷаҳду талошҳои бесобиқа кардаанд, ки ҳаргиз аз хотираи мардуми олам ва авроқи таърихи кишвар фаромӯш нахоҳад шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg