БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун манбаи нуру рушноист

ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии «САҲШ»- и ноҳияи Вахш хониши сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани аввалин чархаи НБО “Роғун” доир карда шуд.

Дар он кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Ёров Худойдод ва мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуот Даминов Илҳом иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимнан  Ёров Худойдод ба сухан баромада,  ҳамаи ҷамъомадагонро бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ  ва кушодашавии аввалин чархаи НБО-и  Роғун табрику таҳният гуфта,  иброз дошт , ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташакулли давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ  таҳия гардидааст. 16- ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад. Ҳамин меҳру муҳаббат буд, ки ҷомеаи пешрафтаву навмедгардидаи тоҷиконро зери ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳам оварда, девори устувори бегазанди соҳибистиқлолиро бунёд сохтанд.

Дар охир Даминов Илҳом қайд намуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтани НБО  Роғун эҳтиёҷоти дохилии кишвар ба нерӯи барқ ба пуррагӣ таъмин гашта, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои азими содиркунандаи нерӯи барқи сабз табдил меёбад, ки эътибору шуҳрати Ватани азизамонро баланд бардошта, мавқеъи онро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкам мегардонад. Роғун аз ҷиҳати сохтмони муҳандисӣ беҳамто ва дар дунё беназир буда, бо вожаи «тоҷик» тавъам гардида, муаррифгари аслии Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад. Роғун барои наслҳои оянда мероси гаронбаҳое  мебошад, ки муаррифгари шоҳкориҳои наслҳои имрӯз мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg