Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

РОҒУН – ИНШООТИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани агрегати якуми НБО “Роғун” ҳисси ифтихори миллиро дар вуҷуди мардум даҳчанд боло бурд. Зеро воқеан Роғун ин марзи номуси миллати тоҷик аст.

Бояд гуфт, дар давоми 27-соли Истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди бисёр мушкилотҳои зиёд таҳкурсии давлати соҳибистиқлолро гузошта, ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ қадамҳои устувор гузошт. Бунёди роҳҳои мошингарди Кулоб-Қалъаи Хумб, Шуғнон-Зиғар, Душанбе-Чайнак-Бӯстон, Душанбе-Ваҳдат-Данғара, роҳи оҳани Кӯлоб-Қурғонтеппа, нақбҳои «Истиқлол», «Чормағзак», «Шар-шар», нерӯгоҳҳои барқии «Сангтуда-1», «Сангтуда-2», Помир-1 ва даҳҳо нерӯгоҳҳои хурду бузург дар ин давра сохта ба истифода дода шуданд. 

Дар заминаи ин, баҳри расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ аз соли 2009 корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар бузургтарин иншооти тақдирсози миллат НБО «Роғун» оғоз гардид. Воқеан ҳам, НБО-и «Роғун» иншооти бузурги энергетикӣ буда, барои имрӯзу ояндаи иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти муҳимми стратегӣ дорад. 

Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обӣ мебошад ва онро бояд ба ҳадафҳои стратегии давлат истифода намуд. Аз ҳамин хотир, сиёсати ҳукумати кишвар оиди барқарорсозии корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» ин сиёсате мебошад, ки баҳри манфиатҳои халқ, давлат ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ равона шудааст. 

Аз ин лиҳоз, тамоми мардуми кишвар сохтмони НБО «Роғун»-ро самимона дастгирӣ намуда, онро иншооти тақдирсози миллат меҳисобанд. Дар натиҷаи ба истифода додани НБО-и «Роғун» даҳҳо корхонаҳои нав бунёд мегардонад, даҳҳо корхонаҳои саноатӣ ба иқтидори пурра ба кор медароянд ва билохира хоҷагии халқи ҷумхурӣ бо пуррагӣ бо барқ таъмин мегардад. Имконият пайдо мешавад, ки дар фаслҳои баҳору тобистон Тоҷикистон яке аз давлатҳои содиркунандаи қувваи барқ аз ҷихати экологӣ тоза ба хориҷ гардад. 

Имрӯз миллати тоҷик роҳбару роҳбаладу сарвари бузурги кордон ва ифтихорманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллати худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дорад, ки дар як даврони таърихӣ миллати хешро роҳбаладӣ мекунад. 

Имрӯз ин миллат муқаддасоти бузурги давлатамонро эътироф мекунад. Имрӯз мардуми тоҷик ба бунёди иншооти бузурги аср ба мисли Нерӯгоҳи барқи Роғун машғул аст, ки ба наздикӣ чархи якуми ин нерӯгоҳ кушода шуда, ба истиқлолияти давлатии тоҷикон нури нав хоҳад дод. Имрӯзҳо барои мардуми тоҷик давраи исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ расидааст. Ҳар як нидои Сарвари давлат ба дили ҳар як ватандор ҷо шуд ва дастгири ободонии НБО «Роғун» гашт.

Хуфтаро бедор бинмуд бо сухан,

Бо нидояш ҳамгиро халқу Ватан.

Дар ҳақиқат Роғун майдони заҳматҳои самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватан, ҳастии шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳар як ҳарфи ин иншоот ифодакунандаи як мафҳуми бузург хоҳад гашт.

Мардуми сарбаланди тоҷик имрӯзҳо пайи ободии Ватани азиз санг болои санг гузошта, Роғунро обод мекунанд, то ки ояндаи мо дурахшон бошад, то мардуми тоҷик бо сарбаландӣ мушкилиҳои рӯзгори хешро ба осонӣ бартараф намоянд.

Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвар ҷой гаштааст.

Имрӯз миллати тоҷик ин кохи нурро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи бо арақи ҷабин бадаст овардаи хеш бино карда истодааст.

Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ ва ҳунари волои ниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур ҳамчун маҳзани гарон баробари ба анҷом расидану қад афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун нури сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги миллати ба ору номус ва аз заҳмати хурду бузурги ин сарзамини офтобиву обӣ ба авҷ сар кашидааст ва хоҳад кашид.

Дар ҳақиқат истиқлолият имкон дод, ки мо дороии хешро соҳибӣ кунем. Онро ба нафъи халқу миллати хеш истифода намоем. Муҳимтар аз ҳама мо тавонистем арзишҳои миллию фархангии худро аз нав эҳё намоем ва билохира тавонистем бо талошу кӯшишҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро ҳамчун миллати ватансоз ба ҷаҳониён муаррифӣ созем.

Минбаъд, низ боварии комил дорем, ки мардуми шарафманду ватандӯсти Тоҷикистон ба пайгирӣ аз сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, баҳри ободонию созандагӣ ва гул-гулшукуфии Ватани азизамон Тоҷикистон саҳми босазои худро хоҳад гузошт.

Каримҷон ФАЙЗИЕВ - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ 
 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg