БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Президенти мо ифтихору шӯҳрати мост!

Ҷ.БАЛХӢ. Таҳти ҳамин унвон дар китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кушодашавии чархаи аввалини НБО «Роғун» ва Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳия дар якҷояги бо  китобхонаи марказии ноҳия чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабини мазкур мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола, директории китобхонаи марказии ноҳия Азизова Лутфиниссо ва мудири шӯъбаи фарҳанг Кабиров Гудмурод иштирок намуданда оид ба хизматҳои шоистаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кушодашавии агрегати якуми НБО «Роғун» ва дастовардҳои даврони истиқлолият бо суханҳои табрикоти баромад намуданд.Чорабинии мазкур аз намоиши китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои даврони истиқлолият оғоз гардида бо иштироки фаъолонаи аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия бо маърузаҳо, шеъру суруд ва рақс  ба чорабинии мазкур рангу ҷилои идона бахшид. Дар охир  иштирокчиёни фаъоли ин чорабинӣ бо Ифтихорномаҳо қадрдони карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg