БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ташаккулдиҳандаи мафкураи солим дар Тоҷикистон аст

А.ҶОМӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Бӯстон-2»-и маҳаллаи Максим Горкийи ҷамоати деҳоти Яккатут хониши сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар он мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳазб Самадзода Саёҳат, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирии Кумита иҷроия Шарифзода Ҷ оид ба мафҳуми  «эктремизм» ва «терроризм» сабабу омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни худ мепайванданд, таҳлили комили таснифоти терроризм, мубориза бар зидди он ва пешгирии шомилшавии ҷавонон баромад намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ қайд карда шуд, ки бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва фанои ҷанги сард низоми нави ҷаҳонӣ ташаккул ёфта, тақсимоти нави ҷаҳон ба миён омада, дар арсаи байналмилалӣ муносибатҳои давлатҳои абарқудрат оид ба тақсимоти ҷаҳон хеле тезу тунд гардиданд. Бо истифода аз ин барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ҳама гуна усулҳо, аз ҷумла усулҳои экстремистиву террористӣ васеъ истифода бурда, даст ба амалҳои ғайриқонунӣ зада, таввасути зӯрӣ ҳал намудани масъалаҳоро ихтиёр намудаанд. Дар гӯшаю канори олам қариб кишваре ва ё минтақаеро дарёфт намудан мумкин нест, ки аз амалҳои террористӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошанд. Махсусан дар даҳсолаи охир терроризм дар шаклҳои бадтарин зуҳур карда, бештар даҳшатнок гардидааст.

Дар ин замина аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қайд гардид, ки ҲХДТ дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон нақши калидӣ дошта, муҳофизи арзишҳои миллӣ ва мафкураи солим дар ҷомеа аст.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg