
МӮЪМИНОБОД. Тибқи ҷадвалибаргузории возӯриву чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод бо иштироки васеъи фаъолон,аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, аъзои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО “Роғун”, баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва мустаҳкам кардани дӯстию рафоқат миёни ҷавонону наврасон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Фурӯғи нури Раҳмонӣ» баргузор карда шуд.
Дар баргузории Аксияи ҳизбӣ иштирокдорон бо сарфарозиву шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар ба сокинон маводҳои таблиғотиву шиорҳои бо аксҳои НБО “Роғун” ва Пешвои миллатро дастрас намуданд, ки чунин иқдоми ватандӯстона дар ҳудуди ноҳияи Мӯъминобод доир карда шуд.