БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунармандӣ омили асосии некӯаҳволист!

КУШОНИЁН. Дар деҳаҳои Гулистон ва Мирзо Турсунзодаи  ҷамоати  деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён  чорабинии фарҳангиву сиёсӣ баргузор гардид. 

Чорабинии ҳизбӣ ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ,  Рӯзи Парчами давлатти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  ба истифода додани чархаи аввали НБО-и Роғун  бахшида шуда буд.

Сокинони ватандӯстӣ деҳаҳои Гулистон   ва   Мирзо Турсунзодаи  ҷамоати деҳоти Заргар чорабиниро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили намудҳои гуногуни кашидадӯзиҳо, сабзавоту меваҷот,  кандакорӣ, намудҳои гуногуни нону таомҳои миллӣ ва бофтаниҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.         

Дар чорабинии ҳизбӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” тӯйи хатнасури чор нафар кӯдакони ятиму аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа  бо иқдоми ватандӯстонаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён баргузор карда шуда, ба онҳои туҳфаҳои арзишманди  идона тақдим карда шуданд.

Дар чорабинӣ  раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва  дигар шахсони даъватӣ   иштирок доир ба  дар 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  ба истифода додани чархаи аввали НБО-и Роғун,  самтҳои  афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ватандӯстӣ, тарбияи ҷавонон ва корҳои созандагиву ободонӣ андеҳшаронӣ намуданд.

Дар фарҷоми ҷамъомади чорабинии ҳизбӣ баҳри болидагии хотири ҳозирин барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg