БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба ҷашнҳои муҳимми таърихӣ

КӮЛОБ. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Чорбоғи ҷамоати деҳоти Кӯлоб доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, муовини аввали раиси шаҳри Кӯлоб Каримозода Саломуддин, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Қурбонов Ҳукматулло ва дигар шахсони расмӣ ишитрок ва суханронӣ намуданд.

Бо мақсади сазовор ва хотирмон ҷамъбаст намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал имрӯзҳо дар тамоми деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ бо маром идома доранд, гуфта шуд дар баромади Валиева Саъбагул. Ҳамзамон қайд кард, ки барои тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон мояи ифтихор ва сарфарозист, ки рӯзҳои наздик агрегати аввали НБО “Роғун” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор оғоз менамояд, ки баъди истифодаи ин кохи нур дар оянда такони ҷиддие буд баҳри ободӣ ва рушди иқтисодиёти мамлакат.

Инчунин қайд гардид, ки баҳри дар маҳаллҳо бароҳмондани баъзе аз ҳунарҳои дастии қадима, ки ба вартаи фаромуши рафта буданд ва ҷилло додани истеъдодҳои тоза дар соҳаи ҳунарҳои қадима тоҷикон, инкишоф ёфтани инфрасохтори сайёҳӣ ва туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эълон гардидани соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин самтҳо корҳои назарас ба анҷом расонида шуданд, ки бо фаъолияти пурсамари ин соҳаҳо ба иқтисодиёти кишвар таъсири мусбӣ мерасонад.

Дар охир сокинон қайд доштанд, ки ташаббусҳои беназири Пешвои миллатро сокинон бо хушнудӣ дастгирӣ намуда, барои амали гардидани онҳо саъю талош менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg