БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эй, ки дастат мерасад, дасте бигир...

ҚУБОДИЁН. Раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи  Қубодиён  Шарифзода Маҳмадаюб дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ иқдомҳои  ватандӯстонаро   ба анҷом мерасонад.  Ин навбат  Шарифзода Маҳмадаюб бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ба фаъолият оғоз намудани агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун   аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ ба 2 нафар  собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ  200 сомонӣ ва  ба 10 нафар ятимон  ба маблағи 150 сомонигӣ  кӯмаки  молиявӣ расонид.

Инчунин, дар  ин раванд узви фаъолияти ҲХДТ,  раиси ҶДММ “Дили Солим”  Қурбонов Раҳмон дар якҷоягӣ бо  намояндагии   ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба мактаб парваришгоҳи ятимони кулл дар ноҳияи Қубодиён  ташриф оварда, аз ҳолу аҳволи бошандагони ин боргоҳи маърифат  дидан намуданд  ва ба онҳо  дастрахони идона ороста,бо барномаи фарҳангии рангин хотири  ятимонро болида гардониданд, ки дар ин рӯз хурсандии бошандагони парваришгоҳро ҳадду канор набуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg