БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқболи шоиста аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати аввали НБО “Роғун”

ДӮСТӢ. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифодадиҳии аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқии обии Роғун бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ таҳти унвони «Президенти мо-Пешвои мост»! баргузор гардид.

Дар қисмати аввали чорабинӣ роҳпаймоӣ аз даромадгоҳи шаҳрак то ба назди бинои Литсейи касбӣ-техникии №25 бо иштироки и.в раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Абдулҳафиз Қурбонов, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидакбар Самадзода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ ва кормандони масъули ҳизбӣ ва зиёда аз 400 нафар сокинони маркази ноҳия бо расму шиору овезаҳои ҳизбӣ баргузор гардид.  Дар қисмати дуюми чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи касбомӯзони ЛКТ-25, кумитаҳои маҳаллаи шаҳрак дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маърази тамошо гузошта шуд.

Инчунин, зимни чорабинӣ табрикоти намояндагони мақомоти иҷроия, ва масъулини ҳизб ба иштирокчиёну меҳмонон расонида шуд.

Аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ ба 3 нафар раисони ташкилотҳои  ибтидоии ҳизбӣ Сипоснома тақдим гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ ба устодони ҷавони  ЛКТ-25 шаҳодатномаҳои ҳизбӣ бо нишони сарисинагии ҳизбӣ тақдим карда шуд.

Аз тарафи Кумитаи иҷроия баҳри болидарӯҳии иштирокчиён ва сокинон барномаи рангоранги консертӣ бо иштирок овозхонони маъруфи ҷавони ноҳия пешкаш гардонида шуд, ки дар он тамоми иштирокчиён рақсу бозӣ намуданд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg