БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ба хотири ояндаи дурахшони Тоҷикистон

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Данғара баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад иштирок намуда, оид ба мавзӯъҳои Нерӯгоҳи барқи обии Роғун – иншооти аср, имконияти ноилгардии Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ, нақши Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлати навини тоҷикон, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаркатҳои гуногуни ифротию террористӣ ва ҷалби онҳо ба  илму ҳунаромӯзӣ, ҳадафи стратегии мамлакат бобати баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, татбиқи қонун ва барномаҳои давлатӣ суханронӣ намуданд.

Зимнан иброз дошта шуд, ки баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан, дар меҳвари таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки дастёфтан ба ҳадафҳои гузошташуда, ба рушди минбаъдаи Тоҷикистони азиз ва беҳтар гардидани вазъи зиндагии аҳолӣ таъсири калон мерасонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg