БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тантанаи ҷашнҳои таърихии давлату миллат дар деҳот

КУШОНИЁН. Дар ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кушониён дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Кушониён бахшида ба ҷашнҳои дар пешистодаи Рӯзи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО “Роғун” бо занони касбу кори гуногун вохӯрии судманд  баргузор гардид.

Ҷашнгоҳ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба таври идона ороста шуда буд. Дар ҷамъомади тантанавӣ собиқадори ҳизб, аввалин генералзани тоҷик Саодат Амиршоева, раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Кушониён Сатторова Мунаввара, судяи ноҳия Шералиева Зебо, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дасгоҳи раиси ноҳия Изатуллозода Бибигул ва мудири шуъбаи кор бо занони мақомоти иҷроияи ноҳия Раҳмонова Муслима  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханрониҳо масъулин аз  ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр карданд, ки боиси ифтихори мост,  ки дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мо аз сулҳу ваҳдат сар  карда, то сохтмонҳои бузурги гидроэнергетикии аср, аз ҷумла Роғун, нақбу роҳҳо, сохтмони мактабу иншоотҳои фарҳангӣ дар беҳбудии кишварамон Тоҷикистон нақши муҳим доранд.

Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ баҳри болидагии хотири ҳозирин барномаи фарҳангию фароғатӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg