БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мусобиқаҳои варзишӣ ба ифтихори рӯзҳои таърихӣ миёни ҷавонон

ПАНҶ. Рӯзи Президент 16 ноябр ҳамчун санаи таърихӣ дар мамлакат дар баробари ҷашну маросимҳои расмии Тоҷикистон, ҳамчун рӯзи сидқу сафо ба миллату давлат ҷашн гирифта мешавад. Ин сана бо пешниҳоди парлумони кишвар ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, ки онро мардуми шарифи Тоҷикистон хеле самимӣ истиқбол мегиранд.

        Аз ҳамин хотир, бо ташаббуси Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар ноҳия ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба ҷашнҳои муҳимми давлатӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи якуми НБО “Роғун” мусобиқаи варзишӣ дар риштаи футбол миёнаи наврасони аз 12 то 17-сола аз 8 ноябр то 13 ноябри соли ҷорӣ эълон гардид. Мусобиқа миёни 11 дастаи наврасону ҷавонон баргузор гардида, варзишгарон бо Ҷом ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ сарфароз гардонида шуданд.       

Нахуст, мусобиқаро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳия Шомаҳмадзода Музафар кушода, ҳозиринро ба ин рӯзҳои таърихии миллат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми иншооти муҳими аср НБО-и Роғун табрик гуфта, ба иштирокдорон муваффақияту бурдбориҳо орзу намуд.

Ҳамчуни, илова намуд, ки мардум бузургтарин шахсиятро, ки солҳои тулонӣ барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум, дар тахким ва рушди давлатдории миллии тоҷикон хидмати бевосита кардааст, дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида тавонистанд.

        Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарине мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.

        Таҷлил аз Рӯзи Президент гиромидошти сулҳу оромии Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои Пешвои миллат аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg