БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

16 ноябр санаи муқаддаси миллист!

БАЛҶУВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон бахшида ба Рӯзи Президент ва кушодашавии аввалин агрегати Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” дар ташкилоти ибтидоии “Беморхона” миёни кормандон, донишҷӯён ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” Конфиренсия баргузор гардид.

Дар конфронс раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Мирзозода Исуф ва дигар шахсони даъватӣ иштирок дошта, оид ба хизматҳои шоистаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидани мардум ба истиқлолияти энергетикӣ, кушодашавии агрегати кохи нур Роғун баромад намуданд.

Тавре зикр гардид, санаи 16-уми ноябр яке аз рӯзҳои фараҳбахшу фаромӯшношаванда ва муқаддас барои миллати тоҷик ба шумор меравад.

Ҳар сол, ки рӯзи 16 ноябрро сокинони тамоми шаҳру навоҳии кишвар бо як фараҳмандию хушрӯзӣ ҳамчун солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана истиқбол мегирифтанд, имсол сокинони ҷумҳурӣ як рӯзи сафодиҳандаву нурдиҳандаи дигарро низ дар ин росто таҷлил менамоянд, ки ин ҳам бошад рӯзи кушодашавии якумин агрегати НБО Роғун мебошад. Орзуи чандинсолаи миллат ба ҳақиқат пайванд гардида, баҳри расидани мардум ба истиқлолияти энергетикӣ заминаи мусоидро фароҳам меорад. Баъди анҷомёбии кори конференсия ҳамчунин аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Фурӯғи нури Раҳмонӣ" бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан доир гардид,ки дар он масъулин ба ҳамагон шиор бо аксҳои НОБ-и Роғун ва Пешвои миллат тасвир карда шудаанд, дастрас намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg