КУШОНИЁН. Бо ташаббуси кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар ташкилоту идораҳои қаламрави ноҳия аксияи ҳизбӣ таҳти унони «Фурӯғи нури Раҳмонӣ» ташкил карда шуд.
Дар аксияи мазкур кормандони Кумитаи иҷроия ба ташкилоту идораҳо ташриф оварда, ҳамагонро бо ҷашнҳои таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО-и Роғун табрик гуфта, ба онҳо варақаҳои таблиғотии ҳизбӣ дастрас карданд ва тамошои намоиши ифтитоҳи чархаи аввали нерӯгоҳи барқи обии Роғун даъват намуданд.