ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабинии тасдиқгардидаи намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан” дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба фаъолият оғоз намудани агрегати аввали Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” чорабинии варзишӣ оид ба футболро ба роҳ монда, дар мусобиқаи варзишии футбол дастаҳои наврасон аз муассисаҳои таълимии ноҳия байни худ қувваозмоӣ карданд.
Дар мусобиқаи варзишӣ ҳайати ҳакамон дастаи “Варзиш”-ро сазовори ҷойи якум, дастаи Истиқлол ҷойи дуюм ва ҷойи сеюмро насиби дастаи “Пахтакор” дониста, ба дастаҳои ғолиб туҳфаҳои хотиравиро дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.