БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун – саҳнаи нангу номуси миллат

ДАНҒАРА. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар  Муассисаи давлатии “Осорхона - мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур оид ба мавзӯъҳои таърих- омили муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, нақши осорхона дар ташаккули мафкураи таърихии шаҳрвандон, Роғун -  саҳнаи нангу номуси миллат, ҳадафҳои стратегии мамлакат, мавқеъи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ ба сифати беҳтарин асолат дар раванди ҳимояи манфиатҳои миллӣ, рушди суръатноки хоҷагии халқи мамлакат, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ- амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои миллӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карда шуд.

Зимнан қайд гардид, ки  Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун ин саҳнаи нангу номуси миллат аст, ки метавонад, рушди бемайлони соҳаҳои зиёди хоҷагии халқи мамлакатро таъмин намояд. Халқи шарафманди Тоҷикистони азиз дар асоси якдиливу якмаромӣ ба ормонҳои ҳазорсолаи худ расида истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg