БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат ифтихори миллат аст!

ВОСЕЪ. Бо мақсади амалӣ намудани нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи якуми НОБ- и Роғун дар ташкилоти ибтидоии «ЛКТ»-и ба номи Рустами Холалӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Роғун – ояндаи дурахшони мо!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ, аъзои намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан»  баргузор гардид.

Дар аксияи ҳизбӣ ҷавонону наврасон дар даст навиштаҷоту овезаҳо, ки дар он аксҳои НОБ- и Роғун ва Пешвои миллат таҷассум ёфтаанд, бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва сулҳу оромии Ватани азизамон   ифтихормандона дастраси ҳамагон гардониданд.

Дар аксияи мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ оид ба  ҷашнҳои таърихӣ суҳбати сарироҳи доир карда, сокинонро бо ҷашнҳои пурифтихор табрику муборакбод гуфтанд. Инчунин, масъулин зимни суханронӣ қайд карданд, ки НОБ – и Роғун бузургтарин ва муҳимтарин иншооти аср ба шумор рафта, саҳми Пешвои муаззами миллат дар ин ҷода хеле бузург мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg