БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат-эҳёгари Роғун, ҲХДТ сарпарасти маънавии НБО “Роғун”!

Н.ХУСРАВ. Вобаста амалӣ намудани нақша чорабиниҳои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ, аз ҷумла Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16- умиШӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи якуми НОБ-и Роғун бо иштироки васеъи  фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  дар маркази ноҳия, ҷамоати шаҳраки Баҳор Аксияи ҳизбӣ таҳти унвонии ”Фуруғи нурӣ Раҳмонӣ" баргузор гардид.

Дар ақсияи ҳизбӣ ҷавонону наврасон дар даст навиштаҷоту овезаҳо, ки дар онҳо НОБ-и Роғун ва Пешвои миллат таҷассум ёфтаанд, бо шукргузорӣ аз сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат ва сулҳу суботи кишвар дар маркази ноҳия роҳпаймоӣ намуданд. Чунин Аксия дар беморхонаи марказӣ бо иштироки кормандон ва донишҷӯёни Коллеҷи тибби ноҳия  низ баргузор карда шуд.

Аксия –роҳпаймоиро   раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сураё ифтитоҳ намуда,  қайд кард, ки Нерӯгоҳи  барқии обии Роғун бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар таҷдиду эҳёи  ин нерӯгоҳи азими аср саҳми Пешвои миллат, ки бо камоли ҷасорати ҷавонмардонаю хирадмандона ва дар такя бо мардуми Тоҷикистон тасмим гирифтанд, бениҳоят калон мебошад.

Аксия дар руҳияи баланди сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg