БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавобан ба хизматҳои бузурги Пешвои миллат содиқона ба халқу ватан хизмат мекунем!

ХОВАЛИНГ. Ба ифтихори санаҳои муборак -  Рӯзи Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, ба кор андохтани агрегати авали НБО Роғун ва Иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази назорати санитарию эпидемиологӣ, эмбандӣ ва тропикӣ ҷамъомад доир карда шуд.

Дар назди ҳозирин мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол  Сатторов баромад намуда, дар бораи меҳнат ва заҳмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳи сартосарӣ, рушду инкишофи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат-иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, талошҳои Пешвои миллат дар расидан ба ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла истиқлолияти энергетикӣ бо овардани далелу рақамҳо ба таври муфассал маълумот дод.

Дар охир иштирокдорони ҷамъомад барои чунин суҳбати пурмазмун изҳори миннатдорӣ  баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg