БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Ман ба шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ агар лозим шавад ҷони худро дареғ намедорам!

ЛЕВАКАНТ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Левакант рӯзи 13-уми ноябри соли ҷорӣ дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳр бахшида ба 26-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсия таҳти унвони «Иҷлосияи 16-ум ва тулӯи хуршеди давлатдории навини тоҷикон» баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, иштирокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Ғулом, Саидов Файзулло, собиқадорони меҳнат Валиев Бердӣ, Султонов Ҳикматуло, иштирок доштанд.

Чорабиниро  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Назарова Фароғат ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки барпо гардидани Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби Камоли Хуҷанди бостонӣ дар таърихи мамлакат дигаргунии бузургеро ба амал овард. Вакилони мардумӣ вазъияти ҳассоси баамаломадаро  хуб дарк сохта, Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Ин фарзанди барӯманди миллат масъулияти бузурги таърихиро ба души хеш гирифта, дар қадамҳои нахустинаш дар вазифаи баланду олӣ барои таъмини сулҳу субот дар Тоҷикистон фидокорию  мардонагӣ ва шуҷоату далерӣ нишон дод.

Воқеан таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсат ва давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт.

Дар ҳамон шабу рӯз муддати ду моҳ як қатор санадҳои муҳими барои пешрафт ва сулҳу суботи ҷомеа ба имзо расиданд. Фаъолияти самарабахш пас аз интихоби Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ гардид.

Дар суханронии аввалини худ Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтанд: “Ман ба шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ агар лозим шавад ҷони худро дареғ намедорам”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg