БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши анъанаҳои миллӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ бузург аст

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  дар деҳаи Навободи ноҳия чорабинии таблиғотии ҳизбӣ вобаста ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим ва раиси деҳаи  болозикр баргузор гардид.

Дар рафти чорабини Сабурзода Насим оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ муфасал баромад намуда, қайд намуд, ки ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни он дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хоса дошта, як падидаи муҳими фарҳанги миллии тоҷикон мебошад.

Вобаста ба татбики икдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ то имруз даххо мактаби хунармандон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин мактабҳо аз руи усули анъанавии миллии ҷавонон тарбия меёбанд. Сабурзода Насим иброз доштанд, ки ҳунарҳои мардумӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғани мегардонад. Бояд қайд кард, ки дар соли 2018 дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳунарҳои мардумие, ки замоне фаромӯш шуда буданд, дубора эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ афзудааст.

Дар охир Сабурзода Насим қайд намуд, ки барои ин моро зарураст, ки рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумиро дар байни ҷавонон хусусан, ҷавондухтарон омӯзиш дода, саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg