
А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Хуросон» тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Самадзода Саёҳат мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия, Ашӯров Суннатулло мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан, Самадзода Саёҳат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ карда, зикр намуд, ки мақсади қонуни мазкур пурзӯр кардани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар руҳияи инсондустӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Баъдан Ашӯров Суннатулло ба сухан баромада, дар бораи роҳандозӣ ва дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳарф зада, шахсони ҳайрхоҳу ватандӯст, соҳибкорони муваффақ, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ-ро барои анҷом додани корҳои хайру сахо, бунёди иншоотҳои хизматрасонӣ дар маҳали зист, дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони ниёзманд даъват намуд.