БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ифтихор аз Ватан ва Пешвои муаззами миллат мекунем

ХОВАЛИНГ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати авали НБО Роғун дар байни омӯзгорони Гимназияи Ховалинг суҳбат гузаронида шуд.

Дар ҷамъомад мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саидҷалол Сатторов баромад намуда, ҳамагонро бо санаҳои фархунда ва фаромӯшнашаванда аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия табрик намуд.

Сипас, мавсуф дар бораи Рӯзи Президент, ки баёнгари хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, муфассал сухан ронд. Ҳамчунин дар баромадаш дар бораи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ–расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таҷдиду бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ обӣ, аз ҷумла сохтумони азими аср – НБО Роғун, ки рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ агрегати авали он ба таври тантанавӣ бо иштироки меҳмонон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва берун аз он ба истифода дода мешавад, маълумот дод.

Баъди суҳбат дар симои аҳли нишаст, ки аксар аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» буданд, ҳисси ифтихор аз ватану ватандорӣ, ифтихор аз Сарвари оқилу доно, меҳрубону ғамхор ба мушоҳида расид.

Баромадкунандагон ҳам ифтихор аз Ватану Пешвои муаззами миллат намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg