БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба шоҳроҳи истиқлолияти энергетикӣ қадам гузоштем

НОРАК. Дар Литсейи Нурбахши шаҳри Норак  бахшида ба кор даровардани агрегати якуми НБО “Роғун”  бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳри Норак Исмоилова Парвина ва Ғафурзода Фирдавс оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  хониши сиёсӣ баргузор гардид. 

Сараввал, Фирдавс Ғафурзода оид ба истифода додани агрегати якуми НБО “Роғун”, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, сатҳи огоҳии мардум аз бемориҳои сироятӣ ва пешгирӣ аз он ва ҳамзамон оид ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ибрози ақида  намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокчиён, аъзо ва  ҷонибдорони ҳизб фикру андешаҳои худро оид ба масъалаҳои дар боло зикргардида иброз доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg