БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳизбиён гурӯҳҳои ифротиро маҳкум мекунанд!

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Донишҷӯ” хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Ҳизбиён гурӯҳҳои ифротиро маҳкум мекунанд!” баргузор карда шуд.

Дар чорабини мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин иштирок дошта,  оид ба мафҳуми “экстремизм” ва “терроризм”, сабабҳо,  омилҳо ва воситаҳои дигаре, ки одамонро ба ҷараёни худ мепайвандад, таҳлили комили таснифоти терроризм, мубориза бар зидди он, пешгирии шомилшавии ҷавонон баромад намуд.

Дар вохӯри қайд карда шуд, ки бо барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва фанои ҷанги сард низоми нави ҷаҳонӣ ташаккул ёфта, тақсимоти нави ҷаҳон ба миён омада, дар арсаи байналмилалӣ муносибатҳои давлатҳои абарқудрат  оид ба  тақсимоти ҷаҳон хело тезу тунд гардидаанд. 

Бо истифода аз ин барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро  ҳама гуна усулҳо, аз ҷумла усулҳои экстремистиву террористӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Махсус қайд карда шуд, ки дар баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамарӯза таъкид бар он менамоянд, терроризм дин, мазҳаб ва миллат надорад,  бинобар ин ба иштирокчиёни вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ваъдаҳои бардуруӯғи гурӯҳҳои ифротгаро, ки бештар тавассути сомонаи интернет пахш мегарданд, нагардида, бо сайқал додани дониши худ, омӯзиши илмҳои замони муосир саъю кӯшиш намуда, дар ободонии кишвар ва таҳкими сулҳу оромии он талош варзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg