БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун иншооти тақдирсоз аст

КУШОНИЁН. Дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо фаъолон ҷавонон ва кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заргар” бахшида ба санаи муҳими таъхрихӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввали НБО “Роғун”, ки бо иқдоми ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва мардуми заҳматкаши тоҷик ба даст омадааст,  вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, вобаста, ба “НБО-и Роғун сохтмони аср”, “Бунёди Роғун рушди иқтисодиёти кишвар” ва “Роғун арсаи номус ва тақдирсози миллат аст”, андешарониҳои судманд намуданд. Зимни андешаронӣ азҷониби масъулин қайд карда шуд, ки дар бунёди иншооти мазкур 19 ҳазор нафар мутахассисони миллатҳои гуногун бо ҳам паҳлӯ ба паҳлӯ исдода, шабонарӯзӣ заҳмату саъю талош варзида истодаанд, то ин ки дар пешрафти корҳои сохтмонӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg