БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқбол аз санаҳои муҳимми таърихӣ дар ташкилотҳои ибтидои

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” бахшида ба Рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор карда шуд.

Дар ҳамоиши мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” Ниёзӣ Акбар ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва баромад намуданд.

Қабл аз оғоз гардидани чорабинӣ миёни донишҷӯён ва омӯзгорон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Президенти мо-ифтихори мо” баргузор шуда, дар миёни онҳо армуғонҳои таблиғотӣ дастрас  гардиданд.

Нахуст, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” Ниёзӣ Акбар ҳозиринро хушомадед гуфта, ба ҷашнҳои муҳимми таърихӣ табрик намуд.

Зимнан, Валиева Саъбагул бахшида ба солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аҳли толорро табрик намуда, аҳамияти онро шарҳ дода, қайд намуд, ки Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарзанди фарзонаи миллат, Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Бо саъю кӯушиш ва талошҳои шабонарӯзии ин фарзанди фарзонаи миллат, Тоҷикистон аз парокандагӣ наҷот ёфт. Дар идомаи суҳбат илова намуд, ки ба Рӯзи Президент рост омадани санаи ба кор андохтани аввалин агрегати НБО «Роғун» басо рамзист. Зеро сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик маҳз бар ивази талошҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид ва инак дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад.

Дар ин чорабинӣ баромадкунандагон, таъкид намуданд, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иҷро намуда, барои ҳифзи сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи дастовардҳои истиқлолият, саҳми арзандаи худро мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg