БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободии Ватан аз ободии маҳал сарчашма мегирад

А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷроиши босифати ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, дар ташкилоти ибтидоии «Коммуналчиён»-и назди Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Зимни суханронӣ, масъулин оид ба муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо, баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ- ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу субот ва амнияти кишвар маълумот доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg