БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанги миллӣ дар даврони соҳибистиrлолии кишвар рушд намуд

ЁВОН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар маркази ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ карда шуд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби и.в. муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Солиҳов М. ва раиси комиссияи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ноҳия Т.Ҳоҷизода андешаронӣ намуда, дар қисми сиёсии чорабинӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, вазъи имрӯзаи дохиливу хориҷии кишвар, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ба хизмати Ватан- Модар сафарбар намудани фарзандон, пеш аз хонадоршавии навҷавонон аз муоинаи тиббӣгузаронидани онҳо, ҷудошавии оилаҳои ҷавон ва тақвият бахшидани ҳунарҳои мардумӣ дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуданд.

Дар чорабинӣ занону бонувон, ҷавонон ва ҳунармандони тамоми қишри ҷомеа ҳунарҳои хешро ба маърази тамошо гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg