БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Таррануми ҳунарҳои мардумӣ ва эҳёи дубораи он дар маҳал

ВАХШ. Дар деҳаи Баракати  ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони ноҳияи Вахш бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ  чорабинии  фарҳангӣ-сиёсӣ доир  карда шуд.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов иштирок дошта,  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки маҳз  бо эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  халқи шарифи тоҷик имконияти беназир пайдо кардааст, ки нозукиҳои ҳунарҳои мардумиро эҳё кунад.

Истеъдодҳои ҷавон, ки ба омӯзиш ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ  камари ҳиммат мебанданд, ҷиҳати сайқал додани касбу ҳунар ва малакаашон аз ҷониби ҳукумат дастгирии ҳаматарафа меёбанд. Дар охир Одилҷон Маҳмадов зикр намуд, ки иқдоми Роҳбари давлат, хусусан барои занону модарони мо шароити мусоид фароҳам овардааст, ки барои хубтар кардани сатҳу сифати зиндагиашон кӯшиш ба харҷ дода, бо василаи аз нав эҳё кардани ҳунарҳои мардумии аҷдодии худ номи неки гузаштагонамонро ҳифз намоянд ва ба наслҳои оянда мероси ғанӣ боқӣ гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg