БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“Фурӯғи нури раҳмонӣ” дилҳоро мунаввар кард

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидои ҳизбӣ «Роҳнамо»-и шаҳри Бохтар аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Фурӯғи нури раҳмонӣ” баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.

Сипас бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи аввалини НБО Роғун раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада қайд намуд, ки тоҷик ҳамчун миллати давлатдор дар фазои соҳибистиқлолӣ ва амну суботи кишвар тантанаи фирӯзӣ ва бахти накӯ дорад. Дар тавъам омадани таҷлили ҷашни Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, боз як санаи таърихии миллати тоҷик, ба истифода додани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” рост омадааст ва ин бозгӯи он ҳақиқати таърихие мебошанд, ки воқеан ҳам шахсиятҳои бузург қудрат доранд раванди инкишофи миллатҳо ва ҷомеаҳоро ба куллӣ тағйир диҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg