БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида 26-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даромадани чархаи якуми НБО “Роғун”

Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” кулли ҷавонони саодатманди кишварро ба муносибати 26-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даромадани чархаи якуми НБО “Роғун” табрику муборакбод мегӯяд.

Мо насли ҷавон, ки маҳз дар ҳамон давраҳо ба дунё омадаву ба воя расидаем даҳшату сахтиҳое, ки ба сари мардуми кишвар омада буданд, хуб дар ёд дорем. Инчунин, дар ёд дорем, ки барои аз банди торикиву зулмот раҳо ёфтан миллати тоҷик чи заҳматҳо кашид.

Дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз ба бахти миллат ва мо ҷавонони хуштолеъ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад. Маҳз аз ҳамин рӯз оғоз шуд сухан гуфтан дар бораи Сулҳу Ваҳдату Ояндаи миллат будани ҷавонон. Маҳз аз ҳамин рӯз оғоз шуд раванди ба хушбахтиву саодат расидани миллату давлат. Аз ҳамин рӯз равшание ба ояндаи дурахшони мо ҷавонон зуҳур кард. Аз ҳамон лаҳзаҳо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ пазируфта шуд. Миллати тоҷик, махсусан мо ҷавонон дар чунин шароити вазнин дар шахси Эмомалӣ Раҳмон падари воқеии худро шинохтем, ки бо як дилсӯзӣ фарзандонашро аз осеби рӯзгору хатарҳои ҳалокатовар бо нақди ҷон ҳифзу ҳимоя мекунад...

Бо истиқбол аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷоннисориву азхудгузарӣ ва ҷаҳду талошҳояшон дар роҳи ҳифзи халқу Ватан пеши назар меоянд. Ин садоқату самимият намунаи олии ватандӯстӣ ва мояи ибрату омӯзиши мо ҷавонон гаштааст.

Мо ҷавонон аз бозе, ки худро шинохтем, ҳамеша дасти падаронаи Пешвои миллатро рӯи сари хеш эҳсос намуда, дар мактаби созандагиву бунёдкориаш, ки Роғун намунаи олии он мебошад, дарси худшиносӣ ва нангу номуси миллиро аз худ кардем.  

Аз ин рӯ мо ҷавононро мебояд дар навбати худ бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва арзишҳои олии давлатдорӣ тамоми нерӯву тавони худро пайи ободии хонаи муқаддаси тоҷикони ҷаҳон – Тоҷикистони соҳибистиқлол сарф намуда, ба Пешвои муаззами худ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзандони бонангу номусаш содиқ бошем. 

Бори дигар солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози кори чархаи якуми НБО “Роғун” муборак бошад, ҷавонони созандаи Ватан!

16.11.2018, ш. Душанбе

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg