БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба муносибати 26-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даромадани чархаи якуми НБО “Роғун”

Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кулли сокинони вилоятро ба муносибати 26-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даромадани чархаи якуми НБО “Роғун” самимона табрику муборакбод менамояд.

Дар воқеъ, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон саҳифаи пурифтихори таърихи навини тоҷикон унвон намуд. Зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия бо ба майдони сиёсат омадани фарзанди содиқу сарсупурдаи Ватан, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати тозаистиқлоли дар вартаи нобудӣ қарордоштаи тоҷик роҳбари асил ва миллати тоҷик соҳиби асосии худро ёфт. Маҳз ҳамин иҷлосия муттаҳидиву ягонагии халқро ба вуҷуд оварда, саодати комили миллати тоҷикро таъмин намуд. 

Дар ин замина, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ  саҳми беандоза муҳим гузошта, бо мақсади тақвият бахшидани асосҳои сохтори конститутсионӣ, якпорчагии Ватан, рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон нақши асосӣ ва пешбарандаро иҷро намуд.
Дар натиҷаи сиёсати дурандешона ҳадафҳои олии давлатдории навини тоҷикон, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифтаанд, дар фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ гардиданд. 

Дар ин раванд Пешвои миллат ҳамеша дар талоши равшанию гармии хонадони ҳар яки мо буд. Вақте Пешвои миллати тоҷик дар бораи сохтмони НБО Роғун ҳарф зад, миллати тоҷик, ки иродаи матину устувори Пешвои худро медонист, ин воқеиятро бе дудилагӣ пазируфт. Пешвои миллат бо роҳандозии идеяи сохтмони иншооти Роғун миллати тоҷикро ба марҳилаи нави рушд ворид кард. Махсусан, аз лиҳози сиёсӣ дар моварои бархурдҳои ҷаҳонӣ ва ихтилофи назарҳо ҳатто дар сатҳи давлатҳои абарқудрат,  Тоҷикистон истиқлолияти комили худро ба намоиш гузошта, Пешвои миллат бо иродаи матини сиёсӣ манфиатҳои миллиро ҳифз намуд. 

Мо ҳизбиёни вилояти Хатлон низ бо масъулияти баланди ватандорӣ ин арзишҳои муҳимми давлатдории миллиро гиромӣ дошта, бо пайравӣ аз Раиси муаззами худ дар пешрафту шукӯфоии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳм мегузорем.    

Бори дигар ҷашнҳои барои миллат муқаддаси 26-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даромадани чархаи якуми НБО “Роғун” муборак, ҳамсафони азиз!

16.11.2018, ш. Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg