БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН ҲАЁТУ МАМОТИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

АНДЕША. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳои худ пайваста таъкид менамоянд: “Роғун ҳаёту мамоти Тоҷикистон аст!”

Дар ҳақиқат, НБО “Роғун” бузургтарин ва аз ҳама муҳимтарин иншоотии гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо пурра ба анҷом расидани сохтмони НБО “Роғун” Тоҷикистонро рушди босуръат ва ояндаи пурсаодат интизор аст.

Бо ба кор даровардани НБО “Роғун”, ки ба кушода шудани чархи якуми ин нерӯгоҳ рӯзҳои башумор боқӣ мондааст, имконият медиҳад, ки дар ҷумҳури истеҳсоли неруӣ барқ боло рафта, даҳҳо корхонаҳо ба кор андохта шуда, ҳазорҳо нафар сокини кишвар аз он баҳраманд мегарданд.

Дар таҷдиду эҳёи ин неругоҳи азими аср ҳиссаи Пешвои миллат, ки бо камоли ҷасорати ҷавонмардонаю хирадмандона ва бо такя ба нерӯи созандаи халқи Тоҷикистон тасмим гирифтанд, бениҳоят калон мебошад. Ташаббуси Сарвари давлат дар эҳёи НБО “Роғун” пеш аз ҳама шуҷоати фитрӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан, талошҳои бепоён барои зиндагии беҳтару шоистаи мардум сарчашма мегирад. Таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат ба пешрафти иқтисодиёт ва баҳраманд шудани даҳҳо миллион сокинони кишварҳои дуру наздик аз нерӯи барқ мусоидат намуда, ҳамзамон, аз ҳисоби захираи обанбори он мушкилоти замони хушксолӣ дар кишаврҳои поёоб аз миён бардошта хоҳад шуд.

 Қайд намудан ба маврид аст, ки Муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 5 январи соли 2010 ба мардуми Тоҷикистон дар рушди кори Роғун такони ҷиддӣ бахшид. Пешвои миллат бо як каломи шарарбор ва саршор аз ихлосу муҳаббат ба халқу диёр ва эътиқоду эътимоди комил ба имрӯзу фардои дурахшони Ватан дар ҷону дили тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон бо қудрати бузургӣ маънавӣ муроҷиате кард, ки муҳтавои баланди он дили сангро ҳам бишкофт, оташи нангу номуси миллиро шуълавар намуд ва Роғунро ба корзори воқеии нангу номус, арсаи ҳақиқии корнамоиву фидокории миллат мубаддал гардонид.

 Таҷдиду эҳёи нерӯгоҳи обии барқии Роғун барои ҷумҳурии мо осон ба даст наомад. Мушкилоти зиёде оиди бунёди ин нерӯгоҳ аз ҷониби кишварҳои поёноб ба таври сунъӣ роҳандозӣ гардид. Гуё бо бунёди НБО “Роғун” онҳо беоб мемонда бошанд. Ба созмонҳои бонуфузи дунё муроҷиат намуда, ҳатто талаб намуданд, ки эҳёи нерӯгоҳ амалӣ карда нашавад.

 Пешвои миллат бо камоли ҷавонмардӣ тамоми аснод ва ҳуҷчатҳои сохтмонии НБО “Роғун”-ро ба муҳокимаву баррасии созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони маъруфи ҷаҳонӣ пешниҳод намуда, бо исрор хоҳиш намуданд, ки ба таври шаффрфу холисона ва аз рӯи адолат таҳлилу баҳогузорӣ намоянд. Рӯзи 18-уми июли соли 2012 роҳбари ҳайати вакилони Парлумони Аврупо таҳти роҳбарии Струан Стивенсон ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, вобаста ба масъалаи бунёди НБО “Роғун” ба хабарнигорон нишасти матбуоти доир намуд. Мавсуф иттилоъ дод, ки Роғун аз рӯи лоиҳаи дурусти муҳандисӣ сохта шуда, обро аз рӯи меъёри муайян масраф менамояд. Инчунин, қайд намуд, ки бунёди НБО “Роғун” на танҳо барои Тоҷикистон пураҳамият аст, балки барои кишварҳои ҳамсоя, ба мисли Покистон, Афғонистон ва чанд кишвари дигар низ манфиаташ мерасад. Ба кор дароварда шудани НБО “Роғун” имкон медиҳад, ки боз садҳо ҳазор гектар замин дар ин минтақа обёри карда шавад. Гузашта аз ин имконоти Тоҷикистон доир ба истеҳсол ва содироти нерӯи арзони барқ ба маротиба боло меравад ва аз ин сарвати аз ҷиҳати экологӣ безарар дигар кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд баҳравар гарданд. Аз ин хотир бунёди иншооти тақдирсоз ба нафъи кулли минтақа аст.

 Майдони сохтмони ин иншооти барои кишвари мо тақдирсоз, имрӯз ба корзори ҳиммату ҷавонмардӣ, озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин, ба ғояи миллии мо табдил ёфт. Чунки Роғун на танҳо манбаи неруву рӯшноӣ, балки сангари маҳакаи номуси миллӣ, шарти иқтидору пойдори давлати Тоҷикистон ва омилии асосии таъмини амнияти миллӣ мебошад. Дар айни замон НБО “Роғун” воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми корхонаву муассиса ва дигар иншоотҳои иҷтимоӣ мебошад.

 Аз ҳама асоси ва хотирмон барои ҳар як фарди тоҷик дар он аст, ки дар маросими бастани пеши дарёи Вахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо камоли ҷавонмардӣ, ихлосу муҳаббати бепоён ба Ватану миллат, бо нангу номуси миллӣ, дилу гурдаи қавии тоҷикона, аввалин шуда паси чамбараки булдозери пуриқтидор нишаста, шахсан худашон онро ба кор давроварда, барои бастани маҷрои дарёи Вахш ва бунёди баландии саддаи 335 метраи обанбори Роғун асос гузоштанд. Дар ин маросим ман низ иштирок намуда, ин корнамоии ҷавонмардонаи Сарвари давлатро бо чашмони худ дидам. Имрӯзҳо дар корҳои барқарорсозӣ ва омодагӣ ба идомаи сохтмон босуръат давом дошта, бинокорону механизаторҳо, муҳандисону техникҳои ботаҷриба дар бунёди НБО “Роғун” фаъолият доранд. Онҳо аз мактаби бузурги бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар нерӯгоҳхои Норак, Помир-1, Сангтуда-1, Сангтуда-2 гузааштаад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -сарвари мушфиқу ғамхор бо талошҳои шабонарӯзӣ пайвастаи барои миллату Ватан дар таҳкими сулҳу суббот, вҳдати миллӣ ва ободии кишвар ҷаҳду талош варзида истодаанд.

 Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун таҳти назорати доимии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои шиносоии бевосита ба рафти кор ва назорати сифати он пайваста ба он ҷо ташриф меоранд.

Имрӯзҳо ҳушу ёди тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва сокинони кишварҳои ҳамсоя ба он нигаронида шудааст, ки рӯзҳои наздик чархи якуми ин нерӯгоҳ ба кор андохта мешавад. Мо сокинони ин Ватан ин лаҳзаи барои кишвар фараҳбахшу таърихиро бесаброна интизорем ва боварӣ дорем, ки дар назари аҳли ҷаҳон пирӯзии Пешвои миллат, пирӯзии ақлу заковат, пирӯзии хиради давлатдорӣ, пирӯзии ҷавонмардиашон боз як бори дигар эътирофи ҷаҳонӣ мегардад.

 Роғун-ободиву сарсабзии имрӯзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишрварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рӯшноиву гармии шабонарӯзии ҳар хонандони мардуми мо мебошад.

Сурайё АЛИЕВА – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg