АНДЕША. Дар таърихи миллати тоҷик боз як санаи фаромушнашаванда 16 ноябри соли 2018 ҳамчун оғози кори агрегати якуми НБО «Роғун» бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Ин як қадами устуворест дар роҳи расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар.
Пушида нест, ки соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ дар давоми 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои бузурге ноил гардид. Бояд қайд намуд, ки дар ин давра як қатор лоиҳаҳои инвеститсионӣ амалӣ гардида, НБО-и «Сангтуда-1», «Сангтуда-2» инчунин 15 неругоҳи барқи обӣ ба истифода дода шуданд, ки боси ифтихори ҳар як шаҳрванди ҷумҳуриамон аст.
Имрӯз тақрибан ҳама дар бораи НБО “Роғун” сухан мегӯянд. Ин неругоҳ имконият медиҳад, ки мо ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем ва ин на танҳо эҳтиёҷоти ба барқ таъмин будани Тоҷикистонро комилан қонеъ мегардонад, балки ба инкишофи иқтисодиёти тамоми минтақа такон бахшида, ҳамчунин шароит фароҳам меорад, ки ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Афғонистон ва Покистон барқ содир гардад.
Сохтмони ин иншооти бузург воқеан қаҳрамонӣ буда, кишвари моро аз буҳрони энергетикӣ раҳо месозаду бо манбаи азими нур Тоҷикистони азиз ба зинаи баланди тараққиёт по мениҳад. Бо бунёд гардидани НБО “Роғун” иқтисодиёти кишвар даҳчанд боло рафта, сатҳи некӯаҳволии мардум низ баланд мегардад ва Тоҷикистони азиз дар маҷмуъ ба ахтари ҳамешатобон мубаддал хоҳад гашт.
Лозим ба ёдоварист, ки вақте Пешвои муаззами мо сари чанбари мошин нишаста аввалин қуму шағалро барои гирифтани пеши роҳи дарёи Вахш ва бунёди дарғот рӯи об рехтанд, ашки шодӣ дар чашмонамон ҳалқа зад. Мо ҳизбиён гумон кардем, ки ин амал шояд рамзи 5-10 дақиқа сурат бигирад. Аммо, Эмомалӣ Раҳмон то баста шудани маҷрои дарё сари фармони мошин нишастанд. Аниқтараш аз соати 10 то 11, 30 дақиқа тули якуним соат давом кард. Дидани ин саҳна дар қалби ҳар соҳибватан ҳисси ифтихорро меафзуд ва бори масъулияти ватандоронро барои ҳар тоҷик дучанд мекард.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ба маврид зикр карданд, ки «Бунёди НБО “Роғун” истиқлолияти пурраи энергетикии кишварро таъмин менамояд». Бегуфтугӯ, ободиву зебоӣ ҳар як давлат ба истиқлолияти энергетикӣ сахт вобаста аст. Зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин, коммуникатсияи ҳозиразамон, тараққӣ карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, мо бунёди неругоҳҳои барқи обиро калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши нерӯи содиротии кишвар мешуморем».
Воқеан, НБО-и «Роғун» майдони диловариро мемонад. Дар он беш аз 19 ҳазор мутахассис, ки намояндагони халқу миллатҳои гуногун мебошанд, паҳлуи ҳам кору фаъолият доранд. Онҳоро як ҳадаф-дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани неругоҳ муттаҳид кардааст.
Дар бунёди иншоот зиёда аз 2100 техника ва мошину механизмҳо истифода гардида, аввалин маротиба мошинҳои пуриқтидори тамғаи «БелАЗ» (иқтидори борбардориаш 75 тонна), булдозерҳои амрикоии тамғаи «Дрессер», японии «Каматсу» ва техникаҳои дигари навтарин кор мекунанд.
Бемаврид аст аз он ёдовар шавам, ки чанд сол қабл Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони мамлакатро даъват карданд, ки аз истифодаи лампаҳои тафсон даст кашанд. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки баъд аз татбиқи ин дастур сокинони кишвар дар давоми як сол 2 миллиард киловатт-соат неруи барқро сарфа карданд.
Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд ифтихорманд бошад, ки саҳми худро дар эъмори НБО «Роғун ба тариқи харидории саҳмияҳо гузоштааст. Доир ба ин амали ҷавонмардонаи ҳамватанонамон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуда буданд: «Бори дигар ба мардуми шарафманд, сарбаланд ва мушкилнописанди Тоҷикистон барои пуштибонӣ ва ҳамовозӣ ба муроҷиатномаи Сарвари давлат доир ба дастгирии моддиву маънавии сохтмони НБО “Роғун” миннатдории самимии худро иброз менамоям. Зеро дастгирии молиявии «Роғун» кори ватандӯстонаи ҳар фарди бонангу номус ва саҳми дурандешонаи мардуми Тоҷикистон барои ояндаи худ ва фарзандону набераҳояшон мебошад».
Воқеан ҳам, бунёди ин иншооти азими стратегии мамлакат барои ҳар фарди соҳибватани бонангу номус шараф асту ифтихор, ки амри дилу виҷдон дар ин кори хайр ҳисса мегузоранду дар саҳфаи таърих бобби наве мекушоянд, ки оғози он калиди фатҳ асту навиди бахти миллати покнажоди тоҷик.
Ба кор даромадани чархаи аввалини НБО-и «Роғун» эътимоди мардумро ба ояндаи дурахшони миллат ва меҳан қавитар намуда, мо ҳизбиёнро водор месозад, ки баҳри ободии мамлакат камари ҳимматро мустаҳкамтар бандем.
Сайҷаъфар ВАТАНЗОДА – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант