АНДЕША. Аз оғози боз як саҳифаи тозаву рангин дар давлати тозаистиrлоли Тоҷикистон басо чанд рӯз боқӣ мондааст, ки мардуми шарифи сарбаланду ватандӯсти Тоҷикистон бесаброна интизорӣ кашида истодаанд. Рӯзи 16 ноябри соли равон чун санаи тақдирсози миллат бо истифода супоридани агрегати якуми НБО “Роғун” дар саҳфаи китоби заррини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Албатта баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз ва интихоби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосӣ ва тақдирсози миллат ин таъмини Истиқлолияти энергетикӣ буд, ки зина ба зина давоми бисту ҳафт соли соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз амалӣ гардид ва имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки Тоҷикистони азиз таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари нуру зиё ва равшанибахшандаи дилҳо табдил ёфтааст. Маҳз Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки Тоҷикистони торику зулмотро аз вартаи торики наҷот дода, як Тоҷикистони воқеан нурбахш барои ин миллати хушбахт бунёд намуд.
Дар таҳкими истиқлолияти энергетикӣ ду неругоҳи барқи обӣ – “Сангтуда-1” ва “Сангтуда-2” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ба бахти миллати тоҷик, чархаи аввали НБО “Роғун” рӯзҳои наздик ба кор дароварда мешавад. Қабули “Барномаи давлатии дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ- обӣ дар давоми солҳои 2009-2020” раванди ислоҳоти энергетикиро дар мамлакат тавсеа бахшид.
Бо вуҷуди кишвари сероб будани Тоҷикистон, асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили марбут ба обро пайваста аз минбарҳои байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор медиҳад. Аз рӯйи маълумотҳо, бар асари гармшавии иқлим дар ҷаҳон мушкилоти норасоии об ба миён омада, то соли 2030 боиси танқисӣ кашидани зиёда аз 40%-и сокинони сайёра аз оби ошомиданӣ хоҳад шуд. Пешвои миллат бо дарки ин мушкилии сайёра борҳо диққати ҷаҳониёнро ба масъалаи мазкур ҷалб намудааст ва ташаббускори қатъномаҳои даҳ соли охири СММ оид ба масоили марбут ба об буда, ба ҷаҳониён собит намудааст, ки Тоҷикистон, бо вуҷуди дар саргаҳи об буданаш, ташаббускори ҳалли масоили марбут ба об дар сайёра мебошад.
Ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳофарӣ, тадбирандешиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббати халқу ватани Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълуми оламиён аст. Корнамоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат роҳнамои наслҳо ба сӯйи ояндаи дурахшон ва шукуфоиву боландагӣ мебошад. Таърихи даврони истиқлол гувоҳ аст, ки бузургтарин иншооти аср, лоиҳаи азими гидроэнергетикии мамлакат – НБО “Роғун” маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Пешвои миллат дубора эҳё гардида, кунун самараҳои аввалини он ба бор меояд.
Агар ба таърихи сохтмони НБО “Роғун” рӯ оварем, сарнавишти онро бисёр печида ва саршор аз монеаҳои табиию сунъӣ меёбем. Дар сарчашмаҳои таърихӣ санаи оғози корҳои омодагӣ ҷиҳати сохтмони ин неругоҳ, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст, 10-уми июли соли 1972 сабт гардидааст. Дар ин рӯз сардори минтақаи сохтмонии Иттиҳодияи умумииттифоқии «Гидроспетсстрой» Борис Петрович Соболёв варақаи оғози корро пур кардааст. Сохтмони неругоҳ расман соли 1976 оғоз гардида, то соли 1987 ҷараён дошт. Аммо бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ сохтмони он мавқуф гузошта шуд ва танҳо баъд аз чандин соли соҳибистиқлолӣ ба мо муяссар шуд, ки бунёди неругоҳи Роғунро дубора эҳё намоем. Агарчи иқдоми дубора бунёд намудани неругоҳ бо мухолифатҳои шадид рӯ ба рӯ шуд, вале бо дарки амиқи аҳамияти ин иншооти азими гидроэнергетикии аср ва дар натиҷаи фаъолияти шабонарӯзиву дастаҷамъона бо роҳнамоии Пешвои миллат, инак қарор аст, 16-уми ноябри соли равон аввалин агрегати неругоҳ ба кор дароварда шуда, моли таърих гардад.
Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки дар марҳилаҳои сохтмони неругоҳ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба ба шаҳри Роғун сафари корӣ анҷом дода, аз рафти сохтмон дидан ва бо сохтмончиён суҳбатҳои самимӣ доир намуданд. Ҳар сафари Пешвои миллат такони ҷиддиест ба сохтмони ин неругоҳи пуриқтидор. Хусусан санаи 29-уми октябри соли 2016 барои мардуми тоҷик санаи таърихӣ ва фаромӯшнашаванда гардид – рӯзе, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан савори булдозер аз соати 10-и субҳ то 11:30 – расо якуним соат дар манзури ҷомеаи ҷаҳонӣ бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста, ба бунёди сарбанди НБО “Роғун” ҳусни оғоз бахшид
Тоҷикистон бо сохтмони пурраи НБО “Роғун” ба се ҳадафи стратегӣ ноил шуда, аз ҷумлаи кишварҳои пешрафта дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт. Вақте ҳадафҳои сегонаи стратегиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, ба ин ҳақиқат мерасем, ки Тоҷикистон аллакай дар амалисозии бахши аъзами онҳо муваффақ буда, барои ҳамқадами давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон гаштан заминаҳои мусоид фароҳам овардааст, зеро ҳадафҳои стратегӣ тақвиятдиҳандаи якдигар гашта, механизми рушди соҳаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меоранд.
Хушбахтона, бо шарофати неъмати истиқлол ва татбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар зарфи 27 сол ҳазорҳо километр роҳ, нақбҳо ва дигар иншооту сохтмонҳои азим бунёд ва таъмиру тармим гашта, барои рӯзгори пурсаодат ва шоистаи мардуми кишвар шароити мусоид ба миён омадааст. Боиси хушнудист, ки мо имрӯз дар остонаи ифтитоҳи як иншооти бузурги электроэнергетикӣ қарор дорем. Воқеан аз муждаи ифтитоҳи ин неругоҳ қалби мардумро шодию фараҳ тасхир кардааст. Дар воқеъ, қабл аз ҳама дар сохтмони Роғун саҳму иродаи устувори Пешвои маҳбуби миллат басо бузург ва назаррас аст, зеро ӯ тавонист бо азми қавӣ рӯ ба мушкилоти сангини замон оварда, дар ҳаллу фасли масъалаҳо заҳматҳои шабонарӯзӣ кашида, Роғунро ба иншооти миллӣ табдил диҳад. Чанд сол қабл Пешвои миллат дар як боздиди хеш аз Роғун гуфта буд, ки орзӯи ягонааш гардон кардани чархаи аввали неругоҳ мебошад. Ин изҳороти Ҷаноби Олӣ қудрату неру ва рӯҳияи созандагии мардуми Тоҷикстонро тақвият бахшид. Инак, мо бо сарварии Пешвои маллатамон ба ин орзӯи неки худ расидем. Иншооти мазкур баъд аз истиқлолияти давлатӣ бузургтарин муваффақияти ҳалқи тоҷик маҳсуб мешавад.
Пешвои миллат НБО “Роғун”-ро масъалаи ҳаёту мамот дониста, аз ҷумла таъкид доштаанд: «Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад».
Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод.
Имрӯз мавзӯи бунёди Кохи нури Тоҷикистон бо шиори рӯз табдил ёфтааст. Ҳар сокини кишвар новобаста аз миллату нажод ва дину оин ба ин масъалаи ҳаётан муҳими диёр тавваҷҷӯҳи хоса дорад. Саҳифаҳои матбуоти даврӣ, намоишу гуфторҳои телевизион ва радио пайваста доир ба рафти корҳои ин сохтмони мӯҳташам маводи ҷолиберо ба мардум пешкаш менамояд. Халқи бузурги тоҷик ба қофияи нури маънӣ радифи нури барқро зам намуда, ғазали сабти рӯшноиро ба ҷаридаи олам эҳдо хоҳад кард.
Мақсудҷон РАҲМАТУЛЛОЕВ - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон