БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат эҳёгари нуру зиё ба хонадони миллати тоҷик

Ш.ШОҲИН. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар  деҳаи Ҷилгаи ҷамоати деҳоти Саричашма суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли тақвияти робитабо маҳал ва баргузори чорабиниҳои фарҳангӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ Ҳошимов Абдураҳим мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок дошта, дар назди ҷамъомадагон  дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва ба истифода додани якумин чархаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун андешаронӣ карда, афзуд, ки бунёди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба даҳони бадгӯёни миллат ва он ширкатҳои сохтмонии мақсадҳояшон ғаразнок, ки гӯё давлати Тоҷикистон худ мустақилона наметавонад  ин иншооти бузургро бунёд созад,  латна зад.    

Иштирокдорон  суханрониҳои судманди масъулинро ҳамаҷониба дастгирӣ карда,  миннатдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg